Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ба Боку меравад


Ишқобод мегӯяд, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзҳои 19 ва 20 май ба Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Ин нахустин дидори расмии раҳбари аввали Туркманистон аз Озарбойҷон дар 12 соли охир хоҳад шуд.

Интизор меравад, Бердимуҳаммадов бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев масоили марбут ба равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар роҳи содироти энержӣ тавассути баҳри Хазарро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG