Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни заминларза 12 000 нафар шуд


Шумори қурбониҳои заминларзаи Чин ҳамчунон меафзояд. Мақомоти Чин мегӯянд, шумори қурбониён ба ҳудуди 12 000 нафар расидааст. Танҳо дар як шаҳри Мянжуи вилояти Сичуан дасти кам 10 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Чен Ҷиянг, сартабиби бемористони Салиби Сурх дар шаҳри Дуҷиянгуан мегӯяд: “Онҳое, ки захмҳои ҷиддӣ бардоштаанд, ба минтақаҳои дигар таҳвил дода мешаванд. Бисёри захмиён мемиранд. Танҳо дар бемористони мо 10 захмӣ даргузашт.”

Матбуоти Чин мегӯяд, 1300 наҷотбахш имрӯз худро ба Венчуан, маркази заминларза расондаанд. Дар Венчуан шиддати зилзила тибқи ҷадвали Рихтер 7,9 балл буда, тайи як рӯзи гузашта бо ин маҳалли офатзада ҳеҷ навъ иртибот вуҷуд надошт ва аз ин рӯ, ҳанӯз маълум нест, ки оё дар Венчуан дар асари заминларза чанд нафар нобуд шудааст.
Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба мардуми Чин изҳори таслият ва пешниҳоди кӯмак кардаанд.

XS
SM
MD
LG