Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони Лубнон" хушунатро маҳкум карданд


Созмони Милали Муттаҳид, Амрико ва кишварҳои Аврупову Ховари Миёна хушунатҳои Лубнонро маҳкум карда, аз ҳамаи ҷонибҳои зидахл хостаанд, ба даргириҳо поён диҳанд.

Ин баёния аз сӯи гурӯҳи “Дӯстони Лубнон”, ки вазирони хориҷаи Амрико, Бритониё, Миср, Фаронса, Олмон, Итолиё, Урдун, Арабистони Саудӣ, ва ҳамчунин дабири кулли СММ Бан Ки Мунро дар бар мегирад, нашр шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш низ, бо изҳори ҳимоят аз давлати Лубнон, истифодаи Ҳизбуллоҳ ва кӯмакрасонҳояш дар Эрону Сурия аз хушунат алайҳи давлат ва мардуми Лубнонро шадидан маҳкум кардааст. Хушунатҳои ахир байни давлати Лубнон ва мухолифини таҳти раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар Бейрут ва шаҳрҳои дигари кишвар дасти кам 60 кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG