Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 000 нафар танҳо дар Мянжу ҳалок шудаанд


Шумори қурбониҳои заминларзаи Чин меафзояд. Синхуа, хабаргузории давлатии Чин, навишт, ки бовар меравад, танҳо дар як шаҳри Мянжуи вилояти Сичуан дасти кам 10 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин хабаргузорӣ қаблан ҷамъи ҳалокшудагон дар асари заминларзаи дирӯза дар Чинро ҳудуди 10 000 нафар баровард карда буд.

Заминларза зӯҳри душанбе бо шиддати 7,8 балл тибқи ҷадвали Рихтер сурат гирифта, дар асари он ҳазорон нафар зери овори сохтмони мактабҳову корхонаҳо ва иншоъоти дигар куштаву захмӣ ва бенишон шуданд.

XS
SM
MD
LG