Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имруз боздиди Э. Раҳмон аз Қазоқистон идома меёбад


Имруз боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Остона-пойтахти Қазоқистон идома меёбад. Вай бо Карим Масимов-нахуствазири ин кишвар дидор ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд. Сипас раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Қазоқистон ва доираҳои фарҳангӣ мулоқот мекунад. Боздиди оқои Раҳмон аз Қазоқистон дируз оғоз шуд ва вай бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот анҷом дод. Ҷониби Қазоқистон изҳор дошт, ки омода аст дар эҳдоси ниругоҳи барқи обии Роғун ширкат кунад. Оқои Назарбоев гуфт, кишвараш мехоҳад як бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис диҳад:
"Мо имруз ба тавофуқ расидем, ки ҳар чӣ зудтар Бунёди сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистонро таъсис диҳем. Ҷониби Қазоқистон дар ин бунёд то 100 милён доллар сармоягузорӣ мекунад ва ин сармояҳо барои иҷрои тарҳҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон ба масраф мерасад".
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди харидории орди Қазоқистон гуфтугу кард.
XS
SM
MD
LG