Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо хостори ташкили зудтари кобина шуд


Иттиҳодияи Аврупо аз ҳизбҳои Сербистон хостааст, баъд аз интихоботи рузи якшанбе акнун ҳарчӣ зудтар кобинаи ин кишварро ташкил кунанд. Мақомоти интихоботии Сербистон мегуянд, тақрибан ҳамаи варақаҳои рай шумурда шудааст ва ҳизби раиси ҷумҳур 39 дарсади ороро ба даст овардааст. Ҳизби рақиби вай 10 дарсад камтар рай гирифтааст. Раиси ҷумҳур аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад, дар ҳоле, ки ҳизби рақиб ба он мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG