Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии мақомоти амниятӣ дар Афғонистон


Ҳашт нафар кормандони амниятии Афғонистон дар робита бо суиқасди ноком ба ҷони Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд. Ин суиқасд 27-уми апрел дар ҷараёни паради низомӣ дар Кобул анҷом гирифт. Сухангуи додситонии кулли Афғонистон гуфтааст, онҳо барои имкони ширкат дар ин суиқасд мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд. Дар миёни онҳо раиси пулиси Кобул ва кормандони аршади хадамоти иттилоъотӣ низ ҳастанд
XS
SM
MD
LG