Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониёни зилзилаи Чин ба 10 ҳазор расид


"Синхуа"-хабаргузории расмии Чин иттилоъ додааст, ки шумораи қурбониёни зизилаи дирузи ҷануби-ғарби ин кишвар ба 10 ҳазор нафар расидааст. Шиддати зилзилаи баъд аз зуҳри дируз дар вилояти Сичуан 7,8 дараҷаи ҷадвали Риштерро ташкил додааст. Аз шиддати ин зилзила бинои мактабҳо, корхонаҳои санъатӣ ва биноҳои иқоматӣ фуру рехтааст. Раиси ҷумҳури Чин дархост кардааст, ки бо истифода аз ҳамаи имконот осебдидагонро наҷот диҳанд. Амрикову Руссия ва Иттиҳодияи Аврупо ба Чин паёми таслият фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG