Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳаставии СММ ва Эрон


Дар Теҳрон ҳайъатҳои СММ ва Эрон музокироти барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломиро шурӯъ намуданд. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад. Хабаргузории Ирно менависад, Ҳерман Нейкртс аз Агентии байналмилалии нерӯи атомии СММ бо раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон Алӣ Асғар Султония дар пушти дарҳои баста мулоқот намуданд. Тахмин шудааст, ки ин гуфтушунид се рӯз идома мекунад. Эрон, ки кӯшиши тавлиди силоҳи ҳаставиро рад мекунад, иброз доштааст6 ки ҳадаф аз музокирот тавсеаи ҳамкории Эрон бо Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG