Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтуомади заминӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон


Дар миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Қундузи Афғонистон автобуси мусофирбар фаъол хоҳад шуд. Саид Муҳаммади Хайрхоҳ сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, аз замоне, ки дар гузаргоҳи Шерхон Бандари Афғонистон ва Панҷи Поёни Тоҷикистон пул бунёд шуд, танзими чунин рафтуомад ба воситаи автобус имконпазир гашт. Сафири афғон афзуд, ки дар марҳилаи аввал автобусҳо мусофиронро то марз интиқол медиҳанд. Сипас онҳо марзро убур намуда, дар он тараф савори автобуси кишвари ҳамсоя шуда, ҳаракатро идома медиҳанд.
Абдуфаттоҳ Юнусов сардори раёсати роҳҳои заминии вазорати мухобирот ва нақлиёти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт,, ки баъди ташкили рафтуомад бо Афғонистон коршиносони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон имкони танзими рафтуомад миёни се кишварро баҳс хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG