Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик то имрӯз 13 роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, ки дар Пекин баргузор хоҳанд шуд, ба даст овардаанд.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 12-уми май дар шаҳри Душанбе доир гардид, хабар дод. Вай гуфт, барои омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Олимпиадаи Пекин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Ширкати мобилии «Билайн» - сарпарасти дастаи мунтахаби олимпии кишвар - беш аз 370 ҳазор доллар ихтисос додаанд.

Вале, ба иттилоъи ҷаноби Раҷабалиев, то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағи ҷавоиз барои варзишгарони тоҷик - ғолибони Олимпиадаи Пекин эълом нашудааст.

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигорон иброз дошт, ки варзишгарони тоҷик муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG