Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти як маҷрӯҳи сонеҳаи Рӯзи Ғалаба


Яке аз панҷ нафаре, ки рӯзи нуҳуми май бар асари як садамаи автомобилӣ ҳангоми таҷлили 9 май ҷароҳат бардошта буданд, даргузашт.

Рӯзи нуҳӯми май дар боғи Ғалаба мошини пулис, ки гуфта мешавад фармонаш аз кор баромадааст, боиси маҷруҳ шудани панҷ нафар шуда буд.

Фарҳод Ҷаъфаров, корманди маркази матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон яке аз панҷ нафаре, ки бар асари як ҳодисаи ронандагӣ дар рузи таҷлил аз 9 май ҷароҳат бардошта буд, дар бемористон даргузаштааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, яке аз панҷ нафари маҷрӯҳшуда аз бемористон мураххас шуда, вале се нафари дигар аз онҳо ҳамчунон таҳти муроқибати пизишкон дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Гуфтанист, рӯзи нӯҳуми май баъди анҷоми реҷаи низомӣ ба муносибати пирузӣ бар Олмони фашистӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе, мошине, ки муовини сардори пулиси пойтахт сари фармони он менишаст, бар асари аз кор баромадани тормози он ба одамон бархӯрд ва дар натиҷа панҷ нафарро шадидан маҷрӯҳ кард.

Дар хабаре дигар сабаби ин фоҷеа аз кор мондани чамбари мошин ва ва идораи онро аз даст додани ронанда унвон ушдааст.

Ба гуфтаи оқои Садриддинов, додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ саргарми баррасии ин парванда мебошад ва кори таҳқиқи иллатҳои ин ҳодисаро ба анҷом нарасонидааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG