Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди куштори наздик ба 50 нафар Лубнон ором шуд


Имрӯз артиши Лубнон канораҳои Бейрут:манотиқи бархӯрдҳои охири ҳафтаи гузаштаро зери назорат гирифт.
Нерӯҳои давлатӣ ба Ҷабалу Дуруз ё худ кӯҳи дурузҳо, ки дар ҷанубу ғарби пойтахти Лубнон ҷойгир аст, фиристода шуданд. Дар он ҷо 11-уми май ҷонибдорони ҳукумати рӯ ба ғарб бо нерӯҳои мухолифини зери раҳбарии Ҳизбуллоҳ бархӯрд намуданд.
Дар ғарби Бейрут ҳам бархӯрдҳо хотима ёфтанду Ҳизбуллоҳ мувофиқат кард, аз минтақаҳои ишғол намудааш берун барояд. Рӯзи якшанбе дар шаҳри бандарии Тароблус( Триполи) ҳам задухӯрдҳоим усаллаҳона ҷой доштанд. Назар ба гузоришҳои расида нооромиҳои ҳафтаи гузашта ҳаёти наздик ба 50 нафарро аз байн бурданд. Барои арзёбии вазъ дар ҷои ҳодиса Ҷомеа (Лига)-и давлатҳои араб як ҳайъатро ба Лубнон фиристодааст.

XS
SM
MD
LG