Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Таъқиби андиҷониҳо идома дорад


Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) мегӯяд, ҳукумати Узбакистон ба муҷозоти шадиди мардуми муттаҳам бо доштани иртибот ва ё огаҳ аз таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои Андиҷон дар соли 2005-ум идома медиҳад.
Дар гузориши нави ин созмони мустақар дар Ню Йорк гуфта мешавад, ки таъқиби ҳукумат боиси афзоиши шумораи паноҳадандагон шудааст.
Дар гузориш қиссаи 27 шахсе оварда шудааст, ки дар солҳои 2007-2008-ум аз Узбакистон фирор кардаанд. Ҳуман Райтс Воч аз ҳукуматҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, ки бо ҳадафи қатъи таъқиб рӯи ҳукумати Узбакистон фишор оранд.
XS
SM
MD
LG