Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаӣ бо Эрон аз сар гирифта мешавад


Интизор меравад, ки имруз мақомоти расмии Ирон ва Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ музокироти худро роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон аз сар гиранд. Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Ожонсии мазкур гуфтааст, интизор меравад, ки музокирот дар Теҳрон се рӯз давом кунад. Моҳи апрел ду даври музокироти Ожнси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ва Эрон анҷом гирифт. Дар ин ду даври музокирот ҳайатҳои музокираи Эрон ва Ожонси мазкур аслан дар бораи таҳқиқоти Эрон, ки мехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад, бо ҳам табодули афкор карда буданд. Эрон то ҳол қабул надорад, ки озмоиши аслиҳа анҷом додааст ва иддаъо мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG