Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни тӯфон дар Мианмар ба 28 ҳазор кас расид


Телвизюни Мианмар гуфтааст, ки шумораи қурбониёни туфони ҳафтаи гузашта бо номи "Наргис" ба 28 ҳазор нафар расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, 33 ҳазор нафари дигар бедарак шудаанд. Гуруҳҳои наҷоти байналмиллалӣ аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, ки онҳоро барои тавзеъи кумакҳои башарӣ ва беҳдоштӣ ба Мианмар иҷоза диҳад. Як гуруҳи имдоди фаронсавӣ гуфтааст, ҳукумати Мианмар розӣ шудааст, ки ин гуруҳ кумакҳои худро имруз ба осебдидагон бирасонад.
XS
SM
MD
LG