Пайвандҳои дастрасӣ

Миллатгароён дар Қрим ба низомиёни рус дарафтоданд


Дар ҷараёни таҷлил аз 225 солагии ташкили нируҳои дарёии Руссия дар Баҳри Сиёҳ дар Севастопол миёни милатгароёни Укроин ва фаъолини Руссия муноқиша рух додааст. Игор Дигало-сухангуи нируҳои дарёии Руссия гуфтааст, мақомоти интизомии Укроин ҳудуди даҳ нафар аз миллатгароёни укроиниро боздошт кардаанд. Нируҳои дарёии Руссия пойгоҳи аслии низомӣ дар Севастопол ба шумор мераванд, ки дар нимҷазираи Қрим мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG