Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ветои Литвониёро бардошт


Гуруҳе аз вазирони умури берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, ки бо Литва дар бобати лағви ветои он зидди оғози музокироти Иттиҳодияи Аврупо дар бораи созишномаи нави ҳамкорӣ бо Руссия ба созиш расид. Дар ин эъломия дар Вилнюс вазирони хориҷаи Литва, Лаҳистон, Суед ва Словениё имзо гузоштаанд. Дар он роҳҳои анҷоми музокироти Литва бо Руссия оварда шудааст. Дар эъломия нигарониҳои Литва дар бораи наҳваи интиқоли нафту гоз ба ин кишвар мунъакис шудааст.
XS
SM
MD
LG