Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеъаи Араб хостори қатъи муноқишаҳои Лубнон шуд


Вазирони хориҷаи кишварҳои Ҷомеъаи Араб эъломияе пахш ва хостори қатъи фаврии ҳар гуна даргирӣ дар Лубнон шудаанд. дар ин эъломия зоҳиран аз амалкардҳои Ҳизбуллоҳ интиқод шудааст ва вазирони хориҷа даъват кардаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода аз хушунатҳои мусаллаҳона истисно дониста шавад. Дар эъломияи Ҷомеъаи кишварҳои арабӣ омадааст, ки ин ҷомеъа ҳайатеро ба Лубнон мефиристад, то дар ҳали сиёсии буҳрони миёни Ҳизбуллоҳ ва ҳукумати ҷонибдори ғарби Лубнон миёнҷигарӣ кунад. Раҳбарии ин ҳайатро Ҳамад бен Ҷассим-нахуствазири Қатар бар уҳда мегирад.
XS
SM
MD
LG