Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербистон ҳизби раиси ҷумҳур пирӯз шуд


Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон эълон кардааст, ки ҳизби вай дар интихоботи порламонии кишвараш пирузӣ ба даст овардааст. Ҳизби раиси ҷумҳур аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад. Аммо рақиби вай Томислав Николич-раиси Ҳизби Радикол ё Тундрав ҳушдор додааст, ки ҳизби вай бо ҳизбҳои дигари ҷонибдораш барои ташкили ҳукумати нав эътилоф ташкил медиҳанд ва ҳизби раиси ҷумҳур аз эътилоф берун хоҳад монд. Натиҷаҳои расмии интихоботи 11-уми май то ҳол мунташир нашудааст, вале тибқи муълумоти муқаддамотӣ дар ининтихобот ҳизби раиси ҷумҳур, яъне Ҳизби Демократ 39 дарсади ороро ба даст овардааст. Ҳизби рақиби вай 10 дарсад аз ин ҳизб ақиб мондааст.
XS
SM
MD
LG