Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснанишинии 200 нафар дар Қандаҳор


Бештар аз 200 нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи Толибон дар зиндони вилояти Қандаҳор ҷануби Афғонистон гуруснанишӣ мекунанд. Бисмиллоҳ Афғонмулл – узви шӯрои маҷлиси маҳаллии Қандаҳор мегӯяд, ин зиндониён 6 рӯз боз аст, ки ғизо намехӯранд ва вазъи се нафари онҳо бад аст. Кумиссиёни мустақили ҳуқуқи инсони Афғонистон мегӯяд, талаби ин зиндониён муҳокимаи одилона ва бозпурсии онҳо дар ҳузури вакилони дифоъ будааст.

XS
SM
MD
LG