Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарорати ғайриоддӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ҳавои ғайримуқаррарӣ гарм дар моҳи май, мояи нигаронии табибон шудааст, ки мегӯянд, вазъи сиҳати афроди бемор дар ин гуна ҳолатҳо бадтар мешавад.

Бар асоси иттилоъи расмии идораи ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорат имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтхат то 33 дараҷа боло рафтааст. Дар ҷануб дар шаҳри Қурғонтеппа ҳарорат то ба 36 дараҷа расида ва дар шимол, яъне дар шаҳри Хуҷанд ҳаво то 38 дараҷа гарм шудааст. Ба гуфтаи маркази ҳавошиносии Тоҷикистон фардо ва рӯзи 13 май ҳарорат то 28 дараҷа поён хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG