Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Сербистони соҳибистиқлол имрӯз, 11-уми май, бори нахуст вакилони худ дар порлумони кишварро интихоб мекунанд.

Дар ин интихобот эътилофи ғарбгарои ба раҳбарии раисҷумҳур Борис Тадич бо Ҳизби Миллатгарои Радикал барои ба даст овардани курсиҳо рақобати сахте доранд. Раъйдиҳӣ дар Сербистонро ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад, зеро дар он сарнавишти ояндаи кишвар муайян мешавад: кишвар дар оянда ба Иттиҳодияи Аврупо хоҳад пайваст, ё дигарбора дар инзиво қарор мегирад?
Интихоботи рӯзи якшанбе баъд аз он эълом шуд, ки ҳукумати эътилофии Сербистон бино бар ихтилофи назарҳо бар сари эъломи истиқлоли Косово аз ҳам пошид. Дар он вақт тарафҳо дар бораи мавзеъгирӣ нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо ихтилофи назар доштанд, чунки ин иттиҳодия аз истиқлоли Косово пуштибонӣ мекард. Миллатгароёни серб мехостанд, то Сербистон ба Иттиҳодияи Аврупо пушт ва рӯ ба Русия гардонад. Аммо аҳзоби ғарбгаро бо вокуниши хашмгинона нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо ҳамзамон таъкид карданд, ки Сербистон, бо назардошти далоили иқтисодӣ, бояд дар пайи равобити наздиктар бо ин иттиҳодия бошад.
Акнун ин баҳсҳо ба ҷомиъаи Сербистон кашида шудааст ва аз ин хотир интихобот як раъйпурсии умумӣ дар мавриди нақши ояндаи Сербистон дар Аврупо арзёбӣ мешавад.
Иттиҳодияи Аврупо низ аҳаммияти ин фурсатро ба дурустӣ дарк мекунад ва дар остонаи раъйдиҳӣ ба хотири дилгарм кардани сокинони Сербистон раводиди 17 кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои сокинони Сербистонро лағв намуд.
Ҳафтаи гузашта дар Брюссел, пойтахти Белжик, созишномаи ҳамкорие бо Сербистон имзо шуд, ки нахустин қадам ба сӯи узвияти ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад. Ва ҳамаи ин ба хотири тақвият бахшидани имконоти Ҳизби Демократии Сербистон барои пирӯзӣ дар интихобот буд.
Раисҷумҳур Борис Тадич ва раҳбари ҳизби мазкур имзои созишномаро як нишонаи ҳаракати Сербистон дар роҳ ба сӯи Иттиҳодияи Аврупо номид: «Интихоботи 11-уми май як навъ раъйпурсиест, ки дар он мардум тасмим мегиранд, ки ё мо ба Аврупо хоҳем пайваст, ё дар инзиво қарор хоҳем гирифт».
Аммо рақиби Ҳизби Демократ ҳизби миллатгарои Радикал Иттиҳодияи Аврупоро муттаҳам кард, ки бо ваъдаҳои дурӯғ мехоҳад сербистониҳоро ба сӯи аҳзоби ғарбгаро мойил кунад. Ҳатто як муттафиқи собиқи Борис Тадич дар ҳукумати собиқ, иҷрокунандаи мақоми нахуствазир Воислав Коштунитса аз Ҳизби Демократии Сербистон имзои санади ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро як ҳила барои ба даст овардани раъйи мардум, вале ба қимати аз даст додани Косово номид.
Рақобат барои курсиҳои порлумон ниҳоят шадид аст. Муовини раиси Ҳизби Радикал Томислав Николич дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар авоили соли равон тақрибан ба курсии раисҷумҳур расида буд. Раиси ҳизб Воислав Сеселӣ, ки дар Додгоҳи байнулмилалии Гаага барои ҷиноятҳои ҷангӣ муҳокима мешавад, возеҳ кардааст, ки дигар муттаҳамон ба ин ҷиноятҳоро ба додгоҳ таслим намекунад ва Иттиҳодияи Аврупоро гузошта, дар пайи дӯстӣ бо Русия мешавад. Рӯзи панҷшанбе Томислав Николич бо ҳимоят аз Ҳизби Радикал гуфт: «Бале, мо миллатгароем, аммо миллатгароён дар Амрикову Фаронса ва Юнон ҳам ҳастанд. Мо миллатгароёнем, ки ба касе зиён намерасонем, вале мо намегузорем Сербистон аз байн равад. Аз ҳамин хотир моро дар матбуъоти ғарбӣ бо шеваи баде муаррифӣ мекунанд, зеро мо намехоҳем Косоворо аз даст бидиҳем».
Дар ҳаин ҳол, Сербистон ба рағми мухолифати ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти СММ дар Косово низ интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва порлумонро ташкил дод. Агар на ҳизби ғарбгаро ва на ҳизби миллатгарои Сербистон дар интихоботи пирӯзии комил ба даст наоваранд, ба гуфтаи таҳлилгарон, ин кишвар дигарбора ба марҳилае бесуботе ворид мешавад.
Феълан дар Сербистон бо шумули сербҳои Косово ҳудуди 6 700 000 нафар аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархӯрдоранд.
XS
SM
MD
LG