Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироъаи кумакҳои башарӣ ба Мянмар


Муассисаҳои байналмилалии хайрия бонги хатар мезананд, ки ҳанӯз ҳам бисёре аз осебдидагони фалокати табиъӣ дар Мянмар мунтазири кумак ҳастанд ва дар сурати таъхири он ҳазорон нафар дар ин кишвар ҳалок хоҳанд шуд.

Муассисаи хайрияи бритониёии «Оксфам» мегӯяд, агар барои осебдидагон ба зудӣ оби тоза ва хадамоти беҳдоштӣ муҳайё нашавад, якуним миллион одам дар Мянмар аз бемориҳои мухталиф ҷон хоҳанд дод. Сара Ирланд аз Оксфам мегӯяд, муҳимтарин чиз ҳоло оби тоза аст, зеро дар манотиқи осебдида, оби ифлос пур аз ҷасади одамон ва олудагиҳои мухталиф аст, ки ингуна об сарчашмаи бисёре аз бемориҳои кушанда, аз ҷумла вабо мебошад.
Оби мурдорро низ «Оксфам» сабаби афзоиши хомӯшакҳо, ки паҳнкунандаи аслии бемории табларза ва вараҷаи тропикианд, меҳисобад. Дар ҳамин ҳол хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» менависад, ки аз ҳоло бемориҳои шикамрав ва пӯст хурӯҷ кардаанд ва дар баробари ин бемориҳо бештар аз ҳама кӯдакони ятиммонда осебпазиранд.
Ба гуфтаи ҳукумати низомии Мянмар тӯфони Наргис дар ҳафтаи гузашта сабаби марги тақрибан 30 000 одам дар ин кишвар шудааст ва ҳудуди 40 000 нафари дигар то кунун бенишон ҳастанд. Тибқи оморҳои дигар, теъдоди қурбониён метавонад аз 100 000 ҳам бигзарад.
Ҳарчанд ирсоли кумакҳои башарӣ ба Мянмар меафзояд, аммо ҳукумат намегузорад, то маъмурони имдодӣ бо теъдоди зиёд ба ин кишвар биёянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки табибони худи Мянмар бино бар бисёр будани осебдидагон наметавонанд саривақт ба доди ҳар яки онҳо бирасанд. Тақсими маводди ғизоӣ низ ба мушкил мувоҷеҳ будааст. Мардум дуру дароз дар интизори гирифтани кумак навбат мепоидаанд ва «Ассошиэйтед Пресс» аз қавли Ко Зав Мин, як сокини осебдидаи Мянмар, навиштааст, ки ба онҳо рӯзона танҳо ним кило биринҷ медодаанд, ки барои як оила намерасад.
Хабаргузорӣ аз қавли як кишоварзи мянмарӣ, ки фарзандони нуҳсола ва як моҳаашро дар тӯфон аз даст додааст, менависад, ки ӯ мехоҳад манзилашро дар ҳамон ҷои пештара аз нав бисозад, аммо ҳеҷ чизе барои сохтан надорад.
Бо ин ҳама, ба рағми дархостҳои ҷомиъаи ҷаҳонӣ, режими низомии Мянмар рӯзи шанбе барои ислоҳи Қонуни асосӣ раъйпурсии умумӣ баргузор кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомиъаи байнулмилалӣ аз режими Мянмар хоста буд, ки раъйпурсии умумиро ба ақиб андохта ва аввал ғами осебдидагони тӯфони вайронгари Наргисро бихӯрад.
XS
SM
MD
LG