Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар дар рӯ ба рӯи фалокати нав


Мянмар: дар рӯбарӯи фардои махуф
Мянмар: дар рӯбарӯи фардои махуф

Грег Бек аз Кумитаи Байналмилалии Наҷот гуфт, агар кормандони хайрия, коршиносон ва маводи зарурӣ ба зудӣ ба манотиқи осебдида нарасанд, “миқёси фоҷиа тассавурнопазир хоҳад буд.”

Ба гуфтаи созмони хайрияи Оксфам, дар сурати саривақт нарасидани кӯмакҳо теъдоди қурбониёни фалокат дар Мянмар то ба якуним миллион нафар хоҳад расид. Сара Ирланд, раҳбари минтақавии "Оксфам" дар Тайиланд, ба хабарнигорон гуфт, ки ниҳоят муҳим аст, то мардум ба манобеъи оби пок ва хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ дошта бошанд, зеро азобу ранҷ хоҳанд кашид. То кунун бар асари тӯфони ҳафтаи гузашта бештар аз 100 000 нафар дар Мянмар ҳалок шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тӯфони Наргис ба тақрибан 2 миллион нафар аҳолии Мянмар осеб расонидааст. Айни ҳол матбуоти расмӣ доир ба натиҷаҳои раъйпурсии умумии рӯзи шанбе доир ба қабули қонуни нави асосӣ дар иттилоъе нашр накардааст, ки тарҳи онро ҳукумати низомии Мянмар таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG