Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Ин барнома ба даври ниҳоии Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон, ки аз 6-ум то 10-уми май бо ширкати беш аз 400 варзишгар дар 5 ришта – варзиши сабук ва волейбол (дар шаҳри Душанбе), баскетбол (дар шаҳри Хуҷанд), тенниси рӯи миз (дар шаҳри Кӯлоб) ва шатранҷ (дар шаҳри Ваҳдат) – доир гардиданд, бахшида шудааст.
Мавзӯъи дигари барнома даври навбатии эстафетаи машъали олимпӣ мебошад, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Мардумии Чин – мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 – ҷараён дорад. Ва то оғози Бозиҳо эстафетаи машъали олимпӣ дар 116 шаҳру навоҳии Чин баргузор шуда, масофаи наздики 40 000 километрро тай хоҳад кард. 6-уми август, яъне 2 рӯз пеш аз маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин, машъали олимпӣ ба шаҳри Пекин мерасад.
Барои шунидани барнома ишораи «аудио» (дар тарафи рости болои саҳифа)-ро пахш кунед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG