Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду тазоҳургари афғон


Мақомотӣ маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи тирандозии пулис барои пароканда кардани як тазоҳурот дасти кам ду нафар кушта шуданд.

Ин афрод ҳангоми тазоҳурот дар вилояти Нангарҳор, нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро ба қатли афроди бегуноҳ муттаҳам мекарданд. Муноқишаи кормандони пулис ва эътирозгарон дар вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар онҷо тазоҳургарон саъй кардаанд, то роҳи асосиро бубанданд. Ин тазоҳургарон мегӯянд, ки нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико шаби гузашта ҳангоми амалиёт ба зидди тундравон се фарди ғайринизомиро куштаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯяд, ки ин иддаъои сокинони Нангарҳоро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG