Пайвандҳои дастрасӣ

Синиора: "Ба Ҳизбуллоҳ таслим намешавем"


Баъди он ки созмони Ҳизбуллоҳ бахши бузурги пойтахти Лубнон шаҳри Бейрутро ишғол кард, нахуствазир Фуад Синиора гуфт, кишвараш ба Ҳизбуллоҳ таслим нахоҳад шуд. Ҳангоми суханронии телевизионӣ Фуад Синиора гуфт, Ҳизбуллоҳ ба зидди демократия дар Лубнон “табаддулоти мусаллаҳона” ташкил кардааст.

Пас аз ронда шудани қувваҳои давлатӣ аз тарафи ҷангиёну муттафиқони Ҳизбуллоҳ дар рӯзи ҷумъа, бори аввал аст, ки Фуад Синиора доир ба таҳҳавулоти ахир сӯҳбат мекунад. Дар ҷараёни чаҳор рӯзи муноқишаи мусаллаҳона дар шаҳри Бейрут, 25 нафар кушта шуданд, аз ҷумла имрӯз ду нафар аз тарафдорони ҳукуматро дар як маросими ҷаноза куштанд.

XS
SM
MD
LG