Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

19-уми май намояндагони кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Женева (Суис) барои ширкат дар нишасти солонаи созмон ҷамъ меоянд.

Стротежии муштарак барои мубориза бо шаробхорӣ дастури аслии кори ин нишаст хоҳад буд. Тарҳрезони ин барнома на танҳо зиёни шаробхорӣ ба мағзи сар ва ҷигари инсон, балки зарарҳои иҷтимоъии онро низ зикр мекунанд, ҷинояткории зиёд, суистифодаи кӯдакон ва беэътиноӣ ба онҳо аз қабили он зарарҳост.
Ян Гилмор, як олим аз Донишгоҳи салтанатии равоншиносони Инглистон, ки зиёни шаробхориро ба таъсири хатарноки дуди сигор ба атрофиён баробар медонад, ба маҷаллаи «Ню Сайентист” гуфтааст, зиёне, ки шароб ба атрофиён мерасонад, аз зиёни сигор ҳам бештар аст. Ба қавли ӯ, хушунати афроди маст, зиёни шароб ба тифлони батни модар, ҳамли нохоҳам ва бемориҳои аъзои таносул ҳама зарарҳои шаробхорианд. Соли 2002 ба бовари ин олим нақши шаробхорӣ дар маргумири сокинони сайёра 3,7 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам андаке камтар аз нақши сигор мебошад.
Бушкҳои шароб солҳои зиёд дар таҳхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд ва...
Бар асоси пажӯҳиши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Кумисоёни Аврупо соли 2006 бештар аз нисфи ҷиноятҳои золимона дар Аврупоро онҳое содир кардаанд, ки таҳти таъсири шароб қарор доштаанд.
40%-и мавориди хушунати хонаводагӣ низ аз тарафи афроди маст сурат гирифта ва 40 дарсади куштор низ ба дасти ҳамин гуна афрод анҷом шудааст. 16 фоизи мавориди ҷабр ва беэътиноӣ ба кӯдакон аз тарафи афроди маст сурат гирифтааст.
Аз тарафдорони пешниҳоди стротежии саросарӣ барои мубориза бо шаробхорӣ Иттиҳодияи ҷаҳонии тиббӣ ва Иттиҳодияии тиббии Бритониё ҳастанд. Яке аз меъморони асосии барнома аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт Владимир Позняк андоз ва ё молиётбандӣ ба фурӯши машруботро аз роҳҳои муассири кам кардани истеъмоли шароб медонад. Вай пешниҳод мекунад, ки ҳар қадар фоизи алкул дар шароб баланд бошад, ҳамон қадар бояд андози бештар аз он ситонида шавад. Дар ҳамин росто баъзе аз кишварҳое, ки барои коҳиши истифодаи машрубот маҳдудият ҷорӣ кардаанд, ба пешрафтҳое соҳиб шудаанд.
Дар шаҳри Диадеми Бразилия баъд аз соати 11-и шаб фурӯши машруботро манъ гардид ва дар зарфи се сол мушоҳида шуд, ки теъдоди куштор дар ин шаҳр 44 дарсад кам шудааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъзан бо нашри гузоришҳои телевизионӣ мегӯяд, ки ин ё он фард, таҳти таъсири шароб фардеро ба қатл расонидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки, бар асоси тахмини Созмони ҷаҳонии беҳдошт, истеъмоли шароб дар Тоҷикистон дар соли 2003 сари ҳар нафар 400 грамро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG