Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари хуб доир ба нархи гандум


Вазорати кишоварзии Амрико эълом кард, ҳавои хуби имсол ба кишоварзони ҷаҳон кӯмак мекунад, то ҳосили рекордии гандум ва шолӣ ҷамъ оваранд. Ба гуфтаи вазорат, имсол ҳосили гандум дар ҷаҳон шояд то ба 655 миллион тонна бирасад, зеро боло рафтани нарх сабаб шудааст, то деҳқонон гандуми зиёдтар кишт кунанд. Ҳамчунин тавлидоти биринҷ бояд ба 430 миллион тонна, яъне 5 миллион тонна бештар аз соли гузашта бирасад. Гуфта мешавад, ин эъломи вазорати кишоварзии Амрико, тарсу нигарониҳо аз норасоии ғизоро фурӯ нишонда ва қимати ғалладонаро поёнтар мебарад.

XS
SM
MD
LG