Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 25 пайрави Муқтадо Садр


Артиши Амрико мегӯяд, тайи ду рӯзи гузашта нерӯҳои он дар шаҳраки Садри Бағдод 25 тундравро куштанд, ки дар инҷо сарбозони амрикоӣ ба зидди афроди мусаллаҳи тарафдори рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр меҷанганд. Даргириҳо дар Бағдод баъд аз он авҷ гирифтанд, ки Нурӣ Ал- Моликӣ нахуствазири Ироқ дар моҳи март дастур дод, то тундравон саркӯб карда шаванд. Аз он замон то кунун чандсад нафар кушта шуданд. Муассисаҳои хайрия ҳушдор доданд, ки шаҳраки Садр хонаи 2 миллион нафар ба сӯи як бӯҳрони башарӣ ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG