Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мянмар раъйпурсӣ идома дорад


Дар Мянмар имрӯз барои қабули Қонуни Асосии нав раъйпурсии умумӣ сурат мегирад, ҳарчанд ҷомеаи байналмилал аз ҳукумат хост, раъйпурсиро ба ақиб андохта ва ғами осебдидагони фалокати табииро бихӯрад. Раъйпурсӣ дар тамоми манотиқи кишвар баргузор мешавад, ба истиснои ноҳияҳое, ки туфони Наргис, ононро вайрону валангор карда ва даҳҳо ҳазор нафарро кушт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ режими низомии Мянмарро барои амалкарад ҷиҳати рафъи оқибатҳои фалокат, танқид мекунад, зеро ҳукумат кӯмакҳои башариро пазируфта вале намегузорад, то кормандони муассисаҳои хайрия бо теъдоди зиёд дар кишвар фаъолият кунанд. Созмони Милал мегӯяд, тақрибан 2 миллион нафар дар Мянмар мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврии ғизоӣ, оби пок ва доруворӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG