Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҳизбуллоҳ» Бейрутро тасарруф мекунад


Намое аз хиёбонҳои имрӯзи Байрут
Намое аз хиёбонҳои имрӯзи Байрут

Дар пойтахти Лубнон шаҳри Бейрут байни ҷангандаҳои «Ҳизбуллоҳ» ва нерӯҳои ҳукуматӣ даргириҳои мусаллаҳона идома доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, бо таъйиди манобеъи иттилоъотии лубнонӣ, ҳанӯз то субҳи 9-уми май дастикам 11 кас ба ҳалокат расида, на камтар аз 20 нафар захми шадид бардоштанд. Вале ба иттилоъи телевизиони «ал-Ҷазира», 8 нафар кушта ва 15 кас захмӣ шудаанд.
Ҷангандаҳои «Ҳизбуллоҳ» дар ҳоли ҳозир бештар аз нисфи Бейрутро ишғол намуда, назорат бар як қатор маҳаллаҳои суннинишини шаҳрро ба даст оварданд. Ҳамчунин ҳизбуллоҳиён ба истидюи телевизиони ҳукуматии «Future News» ворид шуда, интишори барномаҳои онро қатъ карданд. Шӯришгарон идораи рӯзномаи «ал-Мустақбал»-ро, ки, гуфта мешавад, чун телеаизиони мазкур ба хонадони Саъд ал-Ҳарирӣ тааллуқ доштааст, тасарруф намуданд.
Телевизиони ҳукуматии «Future News» баъд аз тасарруфи "Ҳизбуллоҳ"
Дар ҳамин ҳол, артиши Лубнон бетарафии сиёсиро ихтиёр намуда, дар ҷангҳо ширкат намекунад.

Ҳанӯз ду рӯз қабл ал-Ҳарирӣ ба «Ҳизбуллоҳ» чунин муросоеро пешниҳод намуда буд: муноқишаи атрофи қарори ҳукумат дар бораи манъи мухобироти телевизионии шиъиро «як суитафоҳум» ҳисобида шавад ва ҳалли қазия ба ихтиёри раҳбарияти артиши аз лиҳози сиёсӣ бетараф вогузор гардад. Вале, телевизиони «ал-Манор»-и мансуб ба «Ҳизбуллоҳ» хабар дод, ки Ҳасан Насруллоҳ ин пешниҳоди муросоро қабул накард ва лағви қарори ҳукуматро қотеъона талаб намуд.

Коршиносони сиёсӣ бар ин назаранд, ки "Ҳизбуллоҳ" аз Сурияву Эрон кумаку дастгирии ҳамаҷониба дарёфт мекунад.
XS
SM
MD
LG