Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҳукумати Миянмар кӯмакҳоро мусодира кард


СММ гуфт, ки режими низомии Миянмар ҳамаи кӯмакҳои башариро, ки барои мусоидат ба зарардидаҳои тӯфони маргбори ахир вориди ин кишвар шудааст, мусодира кардааст. Сухангӯи Барномаи ғизои СММ (WFP) Пол Рислӣ гуфт, ҳамаи "кӯмакҳои ғизоӣ ва таҷҳизоти дигареро, ки мо тавонистем вориди ин кишвар кунем, мусодира карданд". Як бахше аз ин кӯмакҳо, яъне 38 тоннаашро бисквити серғизо ташкил медиҳад. Рислӣ гуфт, ки Барномаи ғизои СММ чорае ҷуз мутаваққиф кардани ҷараёни интиқоли кӯмакҳоро ба ин кишвар то замони ҳал шудани ҳама масъалаҳо надорад. Чанде пеш аз ин, рӯзи ҷумъа ҳукумати низомии Миянмарро танқид кард, ки нагузошт ҳайатҳои имдодрасони хориҷӣ барои расидагӣ ба қурбониён ва зарардидаҳои тӯфони маргбори "Наргис" вориди кишвар шаванд. Мақомоти СММ гуфтанд, ки дархости ҳеҷ як аз кормандони созмонҳои имдодрасони башарӣ барои гирифтани визаи кишвари Миянмар қонеъ нашудааст. Муовини Дабири кулли СММ Ҷон Ҳолмс аз ҳукумати Миянмар даъват кард, ки муносибати худро тағйир диҳанд:

"Мо фақат мехоҳем, ки ба мардум кӯмак кунем. Ин ҷо ҳеҷ ғарази сиёсӣ нест, аз ҳамин хотир, ман боисрор аз ҳукумати Миянмар тақозо мекунам, ки ҳам талошҳои кӯмакрасонӣ ба мардуми офатдидаро суръат бахшида ҳам рафтори худро нисбати тадбирҳое, ки мо ба хотири расонидани ин кӯмакҳо ба роҳ мондаем, дигар кунанд".

Тӯфоне, ки рӯзи шанбе ба Миянмар ҳамла кард, дар таърихи ин кишвар бесобиқа мебошад. То имрӯз беш аз 1 миллион нафар бехонумон шудаву бидуни ғизо ва маводи дорувор ба сар мебаранд. Хабаргузориҳои расмии ин кишвар мегӯянд, ки 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 42 ҳазор тани дигар беному нишон шудаанд.

XS
SM
MD
LG