Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон паноҳгоҳи созмонҳои террористӣ нест


Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки Тоҷикистон барои созмонҳои террористӣ паноҳгоҳ нест.

Аммо, афзуда мешавад дар ин гузориш, мушкилоти иқтисодӣ ва фишорҳои ҳукумат алайҳи созмонҳои исломӣ, ки боиси маҳдудияти фаъолияти онҳо мешавад, барои афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои иртиҷоии динӣ шароитро фароҳам хоҳад кард.
Дар гузориш омадааст, Тоҷикистон ба унвони фақиртарин кишвари шӯравӣ тавон ва имконоти лозим ҷиҳати муқобала бо терроризмро надорад. Аз ҷумла, нерӯҳои марзбонии ин кишвар аз имконоти фаннӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва таҷрибаи кофӣ дар амри ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир бархурдор нест. Аз ин ҷиҳат шояд ин кишвар ба ҳайси гузаргоҳи тронзитӣ барои террористон ва эктремистон аз Афғонитон ва Покистон хидмат кунад.
Аммо назари коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик дар мавриди ин гузориш мутафовит аст. Бархе аз коршиносон, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Тоҷикистон як марҳалаи ҷанги дохилии панҷсоларо, ки яке аз ҷонибҳои даргир умдатан аз исломиҳо иборат буданд, пушти сар кардааст, бар ин назаранд, ки созмонҳои иртиҷоӣ ва тундрави мазҳабӣ наметавонанд дар ин кишвар ҳузури намоён пайдо кунанд.
Фаррух Умаров, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, инқилоби рангаи Қирғизистон ва рушди иқтисоди миллӣ дар Қазоқистон шароит ва вазъро дар солҳои наздик барои фаъолияти созмонҳои мазҳабии тундрав ғайримумкин месозад.
Гузориши вазорати хориҷаи Амрико норозигии аҳолӣ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ, густариши фасод ва рушди ночизи иқтисод дар кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, аз авомиле арзёбӣ мекунад, ки гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ метавонанд аз онҳо истифода кунанд.
Нуктае дигаре ҳам, ки зикраш рафт, ин аст, ки фишорҳои ҳукумат алайҳи созмонҳои исломӣ боиси афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои иртиҷоии динӣ хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси танҳо ҳизби расмии сиёсии исломӣ дар Осиёи Марказӣ, низ муътақид аст, ки вақте ниҳодҳои давлатӣ барои анҷоми бархе аз фароизи динӣ мавонеъ эҷод мекунанд ва ба хотири ҳифзи суботи ҷомиъа ин ҳизб дар ин робита эътирозоти шадид намекунад, гурӯҳҳои пинҳонкоре чун Ҳизбутаҳрир аз он суиистифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душванбе, мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки аъзои Ҳизбуттаҳрир барои иртикоби ҷиноёти сангин боздошт ва муҷозот нашудаанд, аммо бо тавзеъи шабнома ва варақаҳои таблиғотӣ даъват ба сарнагунии ҳокимият мекунанд, ки худи ин амалро қонун ҷиноят ҳисобидааст.
Дар ду моҳи қабл Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони мамнӯъи «Ҳизбутаҳрир»-ро созмони экстремистӣ эътироф ва дастрасӣ ба сойти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда буд. Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки то кунун беш аз 400 нафар аз шаҳрвандони кишвар бо иттиҳоми узвият дар ин созмон ва ё ҳамкорӣ бо он боздошт ва ба ҷазо кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG