Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Думаи давлатии Русия дар нишасти оҷили худ В. Путинро дар маснади сарвазири кишвар пазируфт. Раъӣдиҳӣ ба таври рушод сурат гирифт.

Аз номзадии Путин 392 тан аз вакилони палатаи поёнии порлумони Русия пуштибонӣ карданд. 56 вакил – намояндагони Ҳизби коммунист муқобили номзадии ӯ раъӣ доданд.

Қабл аз раъӣдиҳӣ вакилон Путинро суолборон карданд ва ҳамчунин раҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ назари худро ба пешниҳоди раисиҷумҳур иброз доштанд.

Баъд аз анҷоми раъӣдиҳӣ Владимир Путин аз ҳозирин изҳори сипос кард.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни суханронӣ гуфт, ки худи ҳамин рӯз дар бораи раиси ҳукумат таъин кардани Владимир Путин фармон имзо мекунад.

Ёдовар мешавем, номзадии Путин ба мақоми сарвазир дирӯз аз сӯи Дмитрий Медведев пешбарӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG