Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 155-ум


FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист боз 9 зина поинтар - ба радифи 155-ум фуромад ва алҳол миёни 45 дастаи мунтахаби қорраи Осиё дар мақоми 28-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (59-ум), Қазоқистон (122-юм), Қирғизистон (134-ум) ва Туркманистон (148-ум) ҷойгир шудааст.

Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар радифи 25-ум ҷойгир шудааст. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 32-вум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Молдова (38). 4. Литва (49). 5. Узбакистон (59). 6. Беларус (60). 7. Латвия (75). 8. Арманистон (80). 9. Гурҷистон (81). 10. Эстония (115). 11. Қазоқистон (122). 12. Қирғизистон (134). 13. Озарбойҷон (137). 14. Туркманистон (148). 15. Тоҷикистон (155).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Аргентина қарор гирифтааст. Бразил дар ҷои дуввум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Юнон, Португол ва Ҳуланд ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (37), Австралия (43), Куриёи Ҷанубӣ (50), Эрон (51), Арабистони Саъудӣ (54), Узбакистон (59), Ироқ (70), Баҳрайн (72), Уммон (79) ва Қатар (83).

Дар ҳамин ҳол, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Филиппин ба Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» 13-уми май бо тими Бутан, 15-уми май бо тими мизбон - Филиппин ва 17-уми май бо тими Бруней рақобат хоҳад кард. Воқеъан дар феҳристи нав байни 207 аъзои FIFA Филиппин дар зинаи 189-ум, Бруней – 190-ум ва Бутан дар зинаи 199-ум ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG