Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои инҳафтаинаи чопи Душанбе ин дафъа як рӯз пеш аз қоъидаи маъмул – чаҳоршанбе, 7-уми май – нашр шуданд.

Боло бурдани арзиши истифодаи нерӯи барқ, муносиботи минбаъдаи Тоҷикистону Русия ва қонунигардонии молу мулки ғайриқонунӣ аз мавзӯъоти муҳимме ҳастанд, ки дар саҳифаҳои нашрияи ин ҳафтаи Душанбе баррасӣ шудаанд.
Ҳафтаномаи «Asia-Plus»менависад, ки ҳарчанд Кумисюни давлатии қонунигардонии молу мулки ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон кори худро анҷом мебахшад, аммо то кунун роҷеъ ба натиҷаи кори ин ниҳод иттилоъи шаффофе рӯи даст нест. Бо ин ҳол, менависад ҳафтанома, ки танҳо дар чор ноҳияи пойтахти кишвар шурӯъ аз моҳи январ бештар аз 440 ариза барои қонунигардонии молу мулки шаҳрвандон расидааст ва ҳудуди 200 аз ин аризаҳо шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулкро дарёфт кардаанд. Ҳафтаномаи «Asia-Plus»бо такя ба қавли масъулони Кумисюни давлатии қонунигардони молу мулк хабар медиҳад, ки бештари аризаҳо дар бораи қонунигардонии заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ пешниҳод мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран сокинони деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва гурӯҳе аз сокинони хиёбони Рӯдакии рӯбарӯи корхонаи симонистеҳсолкунии Душанбе аз ноадолатии ин кумисюн ба дод омада, дар назди бинои Қасри раисҷумҳури Тоҷикистон гирдиҳамоӣ сомон доданд.
Нашрияи сиёсии «Нигоҳ» ба арзёбии зиндагиномаи раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон – Муҳаммадрӯзӣ Искандаров – пардохтааст. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки замоне раҳбарии ширкати давлатии «Тоҷикгаз»-ро бар уҳда дошт, тӯли се сол аст, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ҳизби ӯ ба се ҷиноҳи кӯчак тақсим шудааст. Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо М. Искандаровро президенти ояндаи кишвар мешумориданд ва ӯ ҳам яке аз мухолифони барҷастаи ҳукумати президент Раҳмон низ эътироф мешуд.
Аммо нашрияи «Нигоҳ» менависад, дар бораи фаъъолияти кории Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва даврони қумондониву пайваст шуданаш ба ҳукумат кам гуфтаанду кам навиштаанд. Ин нашрия ҳамчунин мегӯяд, то ҳанӯз интиқоли Искандаров аз Маскав ба Душанбе норавшан аст.
Нашрияи «Фараж» дар матлабе бо номи «Тоҷикғуломон дар Норински Русия» менависад, ки ширкати «ФИОН» гурӯҳе аз мардикорони тоҷикро бо роҳи фиреб ба Русия бурда, онҳоро ғуломвор кор фармудааст. Қаҳрамони ин матлаб, ки яке аз ин «ғуломон» аст, мегӯяд, ки дар дасти як гурӯҳи силоҳдорони чечен 4 тоҷик ва 21 нафар аз намояндагони халқиятҳои дигар дарахтбурӣ мекарданд ва иҷозаи берун омадан аз дохили ҷангалро надоштаанд. Аммо тасодуфан дар ҳолати мастии ин силоҳдорон қаҳрамони матлаби «Фараж» аз банди золимон раҳо шудааст. Ӯ ба нашрия гуфтааст, ки Иттиҳоди тоҷикони Русия он қадар фаъъол нестанд ва тоҷик дар ин кишвари бегона дасти тоҷикро намегирад ва кумак намекунад.
Иброҳими Усмон, собиқ мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳоло устоди донишгоҳи миллӣ, дар суҳбате ба нашрияи «Фараж» матбуъоти солҳои 90-уми асри гузаштаро матбуъоти озоди демократӣ не, балки матбуъоти зиддишӯравӣ ва зиддикоммунистӣ унвон карадаст. Вай гуфтааст, ин навъи матбуъот аз матбуъоти озод дида бештар ба матбуъоти анархистӣ, яъне беҳукуматӣ наздик буданд.
Нашрияи ҷамъиятиву фарҳангии «Озодагон» дар матлаби «Мазҳаби ҳанафиро кӣ ҳимоят мекунад?» аз таъсис ва ба расмият шинохтани Маркази исломшиносӣ дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон ёдоварӣ карда, аз тавсиъаи фаъъолияти салафиҳо дар кишвар ибрози нигаронӣ намудааст. Муаллифи матлаб мегӯяд, ҳоло дар назди ин Маркази исломшиносӣ як масъала меистад, ки бо салафиҳо чи гуна бархӯрд кунад.
XS
SM
MD
LG