Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон таркиш дар Шерозро "амали террористӣ" хонд


Вазорати истихбороти Эрон изҳор кард, шаш фарди дар пайи тафтиши инфиҷор дар канори масҷиди шаҳри Шероз боздоштшуда -аъзои як гурӯҳи террористиянд. Муҳсини Эҷиӣ, вазири истихбороти Эрон имрӯз гуфт, ки ин гурӯҳ аз сӯи кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мешуд.

11 апрели соли равон бар асари инфиҷор дар канори масҷиди шаҳри Шероз 14 нафар ба ҳалокат расида беш аз 190 нафар ҷароҳат бардошта буданд. То рӯзҳои ахир мақомоти Эрон ин таркишро на ҳамлаи террористӣ, балки амали тасодуфӣ мехонданд ва мегуфтанд, ки инфиҷор дар як намоишгоҳи силоҳу лавозимоти низомӣ ба вуқуъ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG