Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти оҷили Думаи давлатӣ шурӯъ шуд


Думаи давлатии Русия нишасти оҷили худро шурӯъ кард, ки дар он, тавре интизор меравад, Владимир Путин дар маснади сарвазири кишвар пазируфта хоҳад шуд. Номзадии Путин ба ин мақом дирӯз аз сӯи раиси ҷумҳури ҷадиди Русия Дмитрий Медведев пешбарӣ шуда буд. Борис Гризлов, раиси палатаи поёнии порлумони Русия изҳор кард, ки раъӣдиҳӣ ба номзадии сарвазири нав рушод сурат мегирад.

Фраксияҳои ҳизбҳои “Русияи воҳид”, “Русияи боадолат” ва Либерал-Демократӣ эълом доштанд, ки аз номзадии сарвари собиқи кишвар дар маснади раиси ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Ҳизби Коммунисти Русия хилофи номзадии Владимир Путин раъӣ доданист.

XS
SM
MD
LG