Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туфон дар Мянмар ҷони 80 ҳазорро рабудааст


Оҷонси иттилоотии фаронсавии «Франс-пресс» хабар додааст, ки шумори қурбониёни туфони шадид дар Мянмар ба 80 ҳазор нафар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии кишвари Мянмар қаблан шумори ҳалокшудагон дар натиҷаи тундбоду селобро ҳамагӣ 22,5 ҳазор нафар ва беному нишон гаштагонро 41 ҳазор нафар эълон карда буданд.

Ҳамзамон сафири Амрико дар Мянмар Шарӣ Виллароса иттилоъ додааст, ки теъдоди ҳалокгаштагонро дар ин кишвар метавонад аз 100 ҳазор нафар ҳам бештар бошад, зеро шаҳру деҳоти наздибаҳрии Мянмар бар асари туфон қариб ба куллӣ валангор шудаанд.

Туфони камназири мавсум ба «Наргис» чанд рӯз қабл дар Мянмар рух дод ва дар натиҷаи он дар баробари даҳҳо ҳазор нафар қурбоншудагон ҳамчунин беш аз 3 миллион нафари дигар бехонаву сарпаноҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG