Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Рушди Тоҷикистон ҷоизаи байналмиллалӣ гирифт


Бонки Рушди Тоҷикистон дар Маскав ба дарёфти ҷоизаи байналмиллалии "Паланги тиллоӣ" ноил омадааст. Насимҷон Шокиров-раиси идории ин бонк ба матбуъот гуфтааст, ин ҷоиза барои дастовардҳои касбӣ дар ҷаҳони муъосир ба бонк тақдим шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷоизаи мазкур дар чаҳорчубаи барномае зери номи "Раҳбарони садаи 20-ум" тақдим шудааст ва дар он 20 кишвари ҷаҳон ширкат доштаанд. Гуфта мешавад, ин бонк барои эътибори худ дар умури бонкӣ ва арзаи хадамоти қобили эътимод ба муштариён барандаи ин ҷоиза шудааст.
XS
SM
MD
LG