Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни туфони Мианмар "хеле бештар" аст


Шоми дируз як мақоми СММ гуфт, шумораи қурбониёни туфони "Наргис" дар Мианмар метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад. Туфони харобиовари охири ҳафтаи гузашта дар ин кишвар як милён нафарро бесарпаноҳ кард. СММ тахмин мезанад, ки 5 ҳазор километри мураббаъ дар гулугоҳи Ирравадӣ ҳамчунон зери об боқӣ мемонад. Хонум Шарӣ Виллароса-кордори сафорати Амрико дар Мианмар мегуяд, вай иттилоъоте дар ихтиёр дорад, ки шумораи тақрибии кушташудагон танҳо дар соҳили обҳои Ирравадӣ ба сад ҳазор нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG