Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Аврупо дар бораи минтақаҳои Қафқоз


Бенита Ферреро Валднер-як мақоми аршад дар сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, тасмими ахири Руссия дар бораи таҳкими равобит бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон тамомияти арзии ин минтақаҳоро халадор мекунад. Вай дар порлмони Аврупо гуфт, ин тасмими Руссия интизориҳоро дар бораи шинохти расмии ин минтақаҳо дар оянда қаввитар кардааст ва роҳҳои ҳалли сулҳомези масъала душвортар шудааст. Стефан Ҳадлӣ-мушовири амниятии Кохи Сафеди Амрико низ аз Руссия даъват кард, ки аз тасмими худ ақибнишинӣ кунад, то аз шиддати вазъ коста шавад. дар ин маврид иттиҳодияи Аврупо вазъ дар Абхозистон ва Осетияи Ӯимолиро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG