Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амволи Роҳат Алиевро мусодира карданд


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки як фурудгоҳи минтақавӣ ва ҳавзи шиновариеро, ки ба Роҳат Алиев домоди собиқи раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоевро таалуқ дошт, мусодира карданд.

Роҳат Алиев баъди ҷанҷол бо падарарӯсаш ӯро бо ғасби қудрат муттаҳам карда ва соли 2007 аз ватанаш фирор намуд. Додситонии Қазоқистон гуфт, ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Алмаато ва фурудгоҳи шаҳри Атирау бо амлоки дигари Роҳат Алиев ба нафъи давлат ситонида шуд. Роҳат Алиев, ки ҳоло муқими Австрия аст, иттиҳомоти мухталиф ба зидди худ дар Қазоқистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.

XS
SM
MD
LG