Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури нави Русия Дмитрий Медведев дар бораи истеъфои ҳукумат амр содир кард ва ҳамзамон номзадии В. Путинро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ намуд.

Интизор меравад, ки баррасии номзадии Владимир Путин рӯзи 8 май дар нишасти ғайринавбатии Думаи давлатӣ баргузор шавад. Таҳлилгарон ба пазируфта шудани номзадии Путин дар маснади сарвазир шубҳа надоранд, зеро фақат фраксияи ҳизби коммунист дар бораи мухолифаташ ба ин иқдом изҳорот пахш кардаасту халос.

Гуфта мешавад, ки Путин қабл аз нишастан дар маснади нав ваколатҳои сарвазирро афзоиш дод. Акнун дар ҳукумат 11 муовини сарвазир фаъолият хоҳанд дошт ва баъзе аз ваколатҳои Кремл, аз ҷумла, назорат аз болои волиҳо ё губернаторҳо ба зиммаи ҳукумат вогузошта шудааст. Ва вуруди тағйирот ба қавонин, албатта ба манфиати раҳбари нави ҳукумат, идома хоҳад кард. Владимир Плигин, муовини раиси кумитаи қонунгузории Думаи Давлатӣ чанде қабл ба хабарнигорон гуфт, ки порлумон барои вуруди тағйирот ба 150 қонуни феълӣ омодагӣ мегирад.

Ва акнун таҳлилгарон ба суоле посух меҷӯянд, ки аз ин ба баъд аз қудрати воқеъӣ дар Русия кӣ бархурдор хоҳад буд – раисҷумҳур Дмитрий Медведев ё сарвазир Владимир Путин? Алексей Малашенко, таҳлилгари сиёсии Маркази Карнегии Маскав мутмаин аст, ки чун пештара лаҷоми қудрат дар Русия дар дасти Владимир Путин боқӣ хоҳад монд:

“Ман фикр мекунам, ки Путин ду нақшро иҷро хоҳад кард – нақши сарвазир ва раисҷумҳурро, раисҷумҳури воқеъиро. Айни ҳол, аз нигоҳи ман, Медведев барои таҳти назорат гирифтани вазъ талош нахоҳад кард. Шояд ӯ ба дастаи худ чанд фарди навро даъват кунад ва дастааш назар ба дастаи Путин либералитар гардад».

Ва аммо Евгений Волк, раиси дафтари Бунёди амрикоии Мерос дар Маскав бо ин ақида мувофиқ нест ва ҳадс мезанад, ки шояд баъд аз чанд муддат Дмитрий Медведев бо баҳонае сарвазир ва ҳукуматро ба истеъфо фиристад:

“Афзоиши ихтилоф миёни онҳоро ман байъид намедонам ва медонед дар кадом мавзӯъ? Дар мавзӯъи таваррум. Агар болоравии қимати молу мавод идома ёбад ва ин, аз нигоҳи ман, дар сиёсати иқтисодии феълӣ ногузир аст, гумон мекунам ба Медведев касе зарур аст, ки ин айбро дар гарданаш бор кунад. Ва ин гуна кас ба осонӣ метавонад сарвазир ва ҳукумати ӯ бошад”.

Ва аммо, аз нигоҳи таҳлилгарон, аз маснади сарвазирӣ сабукдӯш кардани Путин осон нахоҳад буд. Воқеъан ҳам раисҷумҳури Русия ҳақ дорад сарвазирро ба истеъфо фиристад ва бисёр вақт аз ин ҳуқуқи худ истифода ҳам мекунад. Вале тасмим дар ин маврид фақат дар ҳамоҳангӣ бо Думаи давлатӣ гирифта мешавад. Аз ин рӯ, мегӯянд таҳлилгарон, агар Дмитрий Медведев сарвазир Путинро барканор кардан хоҳад, бояд ин мавзӯъро бо порлумон ҳамоҳанг кунад, бо порлумоне, ки аксари вакилонаш аз Ҳизби Русияи Воҳиданд, аз ҳизби таҳти раёсати Владимир Путин. Тасмим дар бораи барканории сарвазир бидуни ризояти ҳизби ҳоким Русияро ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Ва аммо бештари бар онанд, ки Медведев ва Путин дар ҳамоҳангӣ фаъолият хоҳанд кард, зеро бохти Медведев қабл аз ҳама бохти Путин ва шикасти сиёсати ӯ хоҳад буд. Ҳадс зада мешавад, ки фақат баъд аз як ё ду сол Дмитрий Медведев мақоми худро мустаҳакам хоҳад кард ва он вақт лаҷоми қудрат аз дасти Владимир Путин раҳо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG