Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футзали Тоҷикистон ба Тайланд сафар мекунад


Тими футзали Тоҷикистон
Тими футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё 8-уми май ба Тайланд сафар мекунад.

Даҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё аз 11-ум то 18-уми май дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок доир мегардад.

Сабқати муқаддамотӣ бо ширкати 16 тими мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» 11-уми май бо тими Эрон, 12-уми май бо дастаи Кувайт ва 13-уми май бо дастаи Чин рақобат хоҳад кард.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба пирӯзии тими Эрон, қаҳрамони феълии Осиё, дар гурӯҳи «D» ҳеҷ шубҳае нест. Ин даста, инчунин, муддаъии аслии унвони қаҳрамони Осиё мебошад. Ӯ афзуд: «Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар назди мо вазифа гузоштааст, ки дар байни 6 дастаи беҳтарини қорраи Осиё ҷой гирифта, натиҷаи порсол ба даст овардаамонро такрор намоем. Бинобар ин мо мекӯшем, ки дар сабқати гурӯҳӣ муваффақ шуда, ба даврҳои баъдӣ роҳ ёбем. Баъди анҷоми марҳалаи омодагӣ ба ин мусобиқот мо ба ҳайати даста 13 футболбозро дохил намудем.»

Ба гуфтаи оқои Камолиддинов, чаҳор дастаи беҳтарини сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бразил баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG