Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон аз боздошти сардори шўъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ хабар дод.

Майор Раҳмоналӣ Шарифов бо ҷароими мухталиф, аз он миён ришваситонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, муттаҳам дониста шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қўрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад.

Ин нахустин мавриди боздошти як афсари аршади Вазорати дохила ва мансабдори воломақом дар ҷануби Тоҷикистон будааст. Ба қавли Сабзалӣ Одинаев, сардори ситоди Оҷонси зиддифасоди Хатлон, муфаттишони оҷонси мазкур 34 ҳолати содиркунии ҷиноят аз сўйи сардори пешини шўъбаи умури дохилаи ноҳияи Румиро ошкор кардаанд ва охирин қонуншикании майор Раҳмоналӣ Шарифов боиси ба ҳабс гирифтанаш шудааст:

«Як нафар зан ба раёсати мо муроҷиат кард, ки ду сокини ноҳияи Румӣ ба номуси вай таҷовуз кардаанд ва сардори ШКД-и Румӣ Р. Шарифов берун аз ваколатҳояш, бо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии ин зан, ба аризааш расидагӣ накарда ва бо ситонидани 1,5 ҳазор доллар афроди муттаҳамро раҳо кардааст…»

Сабзалӣ Одинаев, сардори ситоди ожонси зиддифасоди Хатлон, афзуд, Раҳмоналӣ Шарифов камтар аз ним соли ахир раёсати шўъбаи умури дохила дар ноҳияи Румиро бар дўш доштааст, аммо дар ин миён мавориди таъқиби соҳибкорон ва кормандони милисаи маҳаллӣ аз ҷониби вай маълум шуда ва ҳаҷми маблағе, ки Шарифов бо роҳи ришваситонӣ ва сўистифода аз мақом ба даст овардааст, баробар ба беш аз 45 ҳазор доллари амрикоӣ будааст.

Ва аммо масъулини раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар шарҳи боздошти як афсари баландмақоми ниҳодҳои интизомии минтақа танҳо ҳамин қадар мегўянд, ки дар зарфи фаъолияти кории Раҳмоналӣ Шарифов дар ноҳияи Румӣ ҳеҷ шикоят ё эроди расмие аз сўйи шаҳрвандон ва ё ниҳодҳои маҳаллӣ дарёфт накардаанд. Холаҳмад Пираков, сардори ситоди раёсати умури дохилаи Хатлон, гуфт, Р. Шарифов феълан ба унвони гумонбар дар содир кардани ҷиноят боздошт шудааст ва иттилоъи беш аз инро РКД рўйи даст надорад. Ба қавли оқои Пираков, як иллати аслии тамаъҷўӣ ва суистифода аз мақом кардани кормандони милиса ҳақмузди ночиз барои иҷрои кори пурмасъулият аст:

«Дар ҳоле ки нарху наво дар бозорҳо ба сурати бесобиқа афзуда, аммо маоши кормандони мо бисёр каму ночиз аст, ба ҳисоби миёна аз 150 то 300 сомонӣ ҳақмузди кормандони милиса таъин шудааст».

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи манобеъи наздик ба мақомоти интизомӣ, муфаттиши аршади шўъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ Ҷумъахон Файзуллоев ахиран қасди худкушӣ кардааст ва феълан бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони марказии ноҳия муолиҷа мегирад. Суиқасд ба ҷони худи Ҷумъахон Файзуллоев пас аз чанд рўзи боздошти сардори шўъбаи умури дохилаи Румӣ ва мавриди пурсуҷў қарор гирифтанаш дар Ожонси зиддифасод сурат гирифтааст.

Мақомоти Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Хатлон, мегўянд, бо ҳабси Раҳмоналӣ Шарифов, сардори милисаи ноҳияи Румӣ, шумори парвандаҳои дар соли ҷорӣ бозшуда алайҳи кормандони мақомоти умури дохилаи Хатлон ба 7 адад расидааст. Дар шаш мавриди қаблӣ кормандони муттаҳами милисаи Хатлон мавриди афв қарор гирифтаанд. Ва аммо дар соли гузаштаи 2007-ум наздик ба 15 дар сади ҷиноёти ошкоршуда аз сўйи Ожонси зиддифасоди Хатлонро кормандони вазорати умури дохила содир кардаанд ва зимнан алайҳи 8 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, қисме аз онҳо равонаи зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG