Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нави Канада дар Афғонистон


Низомиёни Канада мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб як сарбози онҳоро дар вилояти Қандаҳори Афғонистон куштанд. Ҳамчунин дар ҷараёни даргирӣ бо Толибон дар ноҳияи Зорӣ дар наздикии Қандаҳор дар рӯзи сешанбе як сарбози дигари Канада маҷрӯҳ шудааст. Пас аз суқути режими Толибон дар соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии ба раҳбарии Амрико ва эъзоми нерӯҳо ба Афғонистон, Канада 83 сарбозашро дар Афғонистон талаф додааст. Дар ҳайъати нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амнияӣ ба Афғонистон, ки ҳоло тобеъи Паймони Атлантики Шимолист, 2500 сарбози Канада шомиланд.

XS
SM
MD
LG