Пайвандҳои дастрасӣ

Монеаҳои сафар ба Мянмари валангор


Кормандони муассисаҳои байналмилалии хайрия ҳанӯз мунтазири вуруд ба Мянмар ҳастанд, зеро то кунун раводиди сафарро ба даст наовардаанд. Ин маъмурони имдодӣ мехоҳанд, то хисороти тӯфони харобиовареро арзёбӣ кунанд, ки Мянмарро вайрону валангор кард. Бар асоси омори ахир, тӯфон, 22 500 нафарро ҳалок ва 41 ҳазор нафари дигарро бенишон кардааст. Ба гуфтаи муассисаҳои имдодӣ, садҳо ҳазорон нафар бозмондагони фалокати табиӣ ба хатари бемориҳои мухталиф ва камии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Баъзе аз ин муассисаҳои имдодӣ ба Мянмар ворид мешаванд, аммо гурӯҳҳои дигари хайрия аз ҳукумати низомии Мянмар хостанд, то ба маъмурони имдодӣ иҷоза диҳад, ки барои кӯмак ба осебдидагон озодона ба ин кишвар бираванд.

XS
SM
MD
LG